Қоҳир Расулзода бо Сафири Украина мулоқот кард
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар»).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк мулоқот кард.Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилоят зимни сӯҳбат ҷонибҳо сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими равобити судманд дар ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Изҳор гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ миёни ду кишвари дӯст назари нек дорад. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк зикр намуд, ки ки ҷониби Украина низ ба густариши ҳамкориҳои тарафайн бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамкориҳои минтақавии вилоятҳои Винитса ва Днепропетровски ин ҷумҳурӣ бо вилояти Суғд омода буда, дар ин замина, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак бо корхонаи «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов доир ба истеҳсоли таҷҳизот барои неругоҳҳои хурди барқӣ — обӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои кор бо намояндагиҳои диаспораи украинӣ дар вилоят ва диаспораи тоҷикӣ дар Украина мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






