Ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо Стивенсон мулоқот намуд

Июль 12, 2013 13:56

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар»).- 10 июл дар Парлумони Аврупо, воқеъ дар Брюссел вохӯрии ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов бо вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон барпо гардид.Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ менависад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи робитаҳои дуҷонибаро байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо муҳокима намуданд.Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории самаранок ва густаришёбандаи байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар навбати худ, Струан Стивенсон мухтасар ба аъзои ҳайати парлумонӣ дар бораи сафарҳои худ ба Тоҷикистон ва таассуроташ аснои боздид аз иншоотҳои гидроэнергетикии кишвар нақл намуд.Ҳамчунин, мусоҳибон масъалаи гузаронидани «Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Июль 12, 2013 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш