Ҳалокати нуҳ нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ

Июль 2, 2013 16:19

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Аз 24-ум то 30-юми июни соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 32 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 9 нафар ба ҳалокат расида, 39 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора масъули шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуд, ки бештари садамаҳои нақлиётии ба амал омада, дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаҳо сар задаст.

Июль 2, 2013 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш