Ҳамкории судманди ДСТР бо 40 донишгоҳҳои хориҷӣ

Июль 16, 2013 15:44

Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо зиёда аз 40 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманди шартномавиро ба роҳ мондааст», — гуфт 16 июл дар ҷамъи хабарнигорон Нуралӣ Солеҳов-ректори Донишгоҳи мазкур. Мавсуф афзуд, ки танҳо дар давоми соли равон 9 созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ дар бахши таълим ва илм бо Донишгоҳи миллии Киев ба номи Т.Г Шевченко, Донишгоҳи миллии забоншиносии Киев, Донишгоҳи давлатии миллии Белоруссия, Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳонии Қазоқистон ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Даляни Чин ба имзо расидааст. Назар ба иттилои роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия алҳол дар ин даргоҳи маърифат беш аз 100 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо асосан аз кишварҳои назири Афғонистон, Чин, Русия, Белоруссия, Корея, Шветсия, Олмон, Исроил ва Ӯзбекистону Туркманистон мебошанд.

Июль 16, 2013 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш