Ҷалби духтарони деҳот ба мактаб- интернат

Июль 26, 2013 09:46

Балҷувон, 26 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон соли 2009 бо ташаббуси Сарвари Давлат интернати нави замонавӣ сохта шуд. Дар мактаб-интернати мазкур беш аз 90 нафар тарбиятгиранда аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин дар як гӯшаи интернат сохтмони хобгоҳи наву замонавӣ бо ҷалби 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо маром идома дорад, ки дар бинои мазкур соли хониши дар пешистода 14 нафар духтарони деҳоти дурдаст бо ҷои хоб таъмин мешаванд. Соли ҷорӣ 10 нафар тарбиятгирандагон аз мактаб-интернат соҳиби номаи камол гардида, ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар сафарбар гардиданд. Дар айни замон дар хобгоҳи мактаб- интернати ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон таъмир ҷараён дошта, масъулин дар нақша доранд, ки таъмиру рангубори биноро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.

Июль 26, 2013 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш