Ҷавони 21-сола ҳамсарашро бо корд кушт

Июль 5, 2013 15:49

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ғончӣ рӯзи 4-уми июл шаҳрванд Давлатулло Сироҷиддинов ба гумони даст доштан ба куштор дастгир карда шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ки Давлатуллои 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ дар хонаи истиқоматии худ бо ҳамсараш Адиба Ҳасанзодаи Абдукарим, соли таваллудаш 1992-юм, ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба тарафи чапи гардани ӯ мезанад. Дар натиҷа Адиба пас аз бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Гуфта мешавад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июль 5, 2013 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш