Ҷонибдории 8 қонуни наву мукаммал аз сӯи ММ МО ҶТ
Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар иҷлосияи чордаҳуми палатаи болоии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, беш аз 50 масъалаи фарогири рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар матраҳ шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои раисони Кумитаҳои марбутаи палатаи болоии Парлумони мамлакат Бахтиёр Худоёров, Саймурод Тағоев, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва Мамадшо Илолов, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидаанд ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 8 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд. Маврии зикр аст, ки қонунҳои зикргардида қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул шуда, ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






