186 донишчӯйи ДМТ соҳиби дипломи аъло гардид

Июль 2, 2013 15:14

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- 186 нафар донишҷӯён аз факултетҳои гуногуни Донишгоҳи Милли Тоҷикистон соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Маросими супоридани дипломҳо дар толори марказии Донишгоҳ баргузор гардид. Супоридани дипломҳо ба донишҷӯён аз чониби ректори донишгоҳи мазкур Имомов Маҳмадюсуф чараён гирифт. Дар рафти суханрони ректори донишгоҳи мазкур қайд гардид ки имсол зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯ бо 65 ихтисос донишгоҳро хатм намудаанд, ки 204 нафарашон тибқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатм карданд ва 27 нафарашон соҳиби дипломи аъло шудаанд. Ҳамчунин, хатмкунандагон низ дар навбати худ ба устодону таълимдиҳандагон изҳори сипос намуданд.

Июль 2, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш