55 лоиҳа бо маблағи $ 2045,3 миллион татбиқ мешаванд

Июль 30, 2013 14:11

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар айни замон дар Тоҷикистон 55 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии сармоявии 2045,3 миллион доллари ИМА татбиқ гардида истодааст. Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз, 30-юми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ то ба 1-уми июли соли ҷорӣ аз маблағи умумии лоиҳаҳо 1235, 6 миллион доллари он аз худ карда шуда, ин миқдор 60,4 фоизи арзиши умумии лоиҳаҳоро дар бар мегирад.Ҳамчунин Шариф Раҳимзода афзуд, ки аз оғози соли ҷорӣ то 1-уми апрел ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 62,3 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли гузашта 3,4 фоиз бештар аст.

Июль 30, 2013 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш