62 бозёфти Хазинаи Омударё
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Мутахассисони вазорат вобаста ба ифтитоҳи бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бахусус бо сифати баланд таҳия намудани Харитаи ёдгориҳои Тоҷикистон, Толори Буддо, симоҳои шахсиятҳои таърихии гузашта барои толори таърихи қадим, варақаи «Рустамнома», нусхаҳои 62 бозёфти Хазинаи Омударё, муҷассамаҳои шахсиятҳои таърихӣ саҳмгузорӣ намуданд, зикр намуд вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ.Инчунин аз ҷониби экспертизаи таърихию фарҳангӣ ҷамъулҷамъ 138 ташхис доир гардид, ки 47-тои онҳо мансуб ба пешгирии маводи фаҳш мебошад. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 31 экспертиза зиёд аст. Роҷеъ ба сарватҳои фарҳангӣ 2 ташхис доир карда шуд, илова намуд М. Асрорӣ.Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷик МДМЁ» зимни маблағҳои буҷавӣ зиёда аз 1190707 сомонӣ корҳо дар ёдгориҳои хона-музеи Юсуф Мирфаёзов, Қалъаи Балҷувон, Мақбараи А.Рўдакӣ, Мадрасаи Кўҳнаи Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Муъминобод, Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Осорхонаи миллӣ иҷро шуданд, ки зиёда аз 281000 сомонӣ тибқи Барномаи давлатӣ ва 738000-и он аз дигар манбаъҳо мебошанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






