А. Ширинов: Вазъияти «Агроинвестбонк» хуб аст
Душанбе,23 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Фаъолияти феълии «Агроинвестбонк» баъди дастгирии ҳукумат муътадил аст. Ин нуктаро Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июл зимни ҳисоботи шашмоҳа ба хабарнигорон иттилоъ дод.Бино ба иттилои манбаъ, «Агроинвестбонк», ки асосан ба соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби ҳукумат барои қарздиҳӣ муваззаф гардида буд, дар ду- се соли охир ба бад шудани ваъзи моляви дучор шуд. Бо дастгирии ҳукумат ин мушкилӣ имсол паси сар шуд ва ҳоло фаъолияташро бо мизоҷон хуб ба роҳ мондааст.Сабаби бад шудани ваъзи молявии бонк дар он буд, ки мизоҷон асосан барои рушди соҳаҳои нассоҷӣ, боғпарварӣ, парандапарвариву чорводорӣ қарз гирифтанд ва ба ҳисоби миёна баргардонидани қарзҳои онҳо на кам аз се солро талаб мекунад. Аз ҷониби бонк қарзҳои дарозмуддат ва бо фоизи кам дода мешаванд, афзуд А. Ширинов.Бино ба иттилои мавсуф, дар соли гузашта кишвар пурра бо тухм ва гӯшти мурғи маҳаллӣ таъмин гардид ва инчунин соҳаи нассоҷӣ дар семоҳаи чоруми соли гузашта наздик ба 30 дарсад афзуд, ки ин самараи маблағҳои ҳамин бонк мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






