Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш…

Июль 5, 2013 16:07

Ҳисор, 5 июл. (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев). Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи собиқадори соҳаи маориф Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор бо қарори хеш мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 52 –и ҷамоати Навободро ба номи Азимов Иззат номгузорӣ намуд. Шодравон Иззат Азимов солҳои тӯлонӣ сарварии мактаби мазкурро ба уҳда дошт. Таълимгоҳи мазкур на танҳо дар ноҳияи Ҳисор, балки дар ҷумҳурӣ яке аз мактабҳои пешқадам ба ҳисоб мерафт. Собиқ шогирдони ин мактаб алҳол дар кулли соҳаҳои зиндагӣ садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Июль 5, 2013 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш