Аудиторони дохилӣ дорои сертификат мешаванд

Июль 19, 2013 14:12

Душанбе 19 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзаде).- Аввалин гуруҳи 33 нафараи аудиторони дохилӣ, ки имтиҳони «Аудити дохилӣ дар сохтори давлатӣ»-ро бомуваффақият супориданд, соҳиби сертификат мегарданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ доданд, сертификатҳо аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати молияи Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар сохтори давлатӣ» дода шудаанд. Сертификатсиякунонӣ қадами муҳим дар таъмини манбаи устувори дониши назариявӣ барои аудиторони дохилӣ дар сохтори давлатӣ ба ҳисоб меравад. Он қисми лоиҳаи «Дастгирии назорати дохилии молиявии давлатии II дар Тоҷикистон» мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳа ба Вазорати молия дар амалӣ гардонидани вазифаҳои аудити дохилӣ мувофиқи Стандартҳои байналмилалии таҷрибаи тахассусии аудити дохилӣ мусоидат мекунад.

Июль 19, 2013 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш