Аз Энгелс ба Душанбе троллейбус меоранд

Июль 17, 2013 15:21

Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар корхонаи «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и Душанбе насбу истеҳсоли троллейбусҳо роҳандозӣ мегардад. Дар ин хусус шаҳрдории Душанбе қарори марбута ба тасвиб расонидааст.  Тибқи созишномаи ба имзо расонидаи шаҳрдории Душанбе ва корхонаи «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Русия то моҳи ноябри соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 15 троллейбуси тамғаи Тролза 5275.03 «Оптима» ва 15 адад машинакомплекти барқии тамғаи зикршуда интиқол дода мешаванд. Дар робита раиси шаҳр ба ниҳодҳои марбутаи пойтахт дастур додааст, ки аз буҷаи шаҳр барои харидории 15 троллейбус ва 15 машинакоплекти барқӣ 18 миллиону 963 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд.

Июль 17, 2013 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш