Аъзои Шӯрои ММ МО ҶТ 50 масъаларо баррасӣ намуданд

Июль 4, 2013 10:52

Душанбе, 4 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 50 масъалаи марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев –раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуданд.Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз ҷумла 8 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф» ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд.  Инчунин лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллӣ вобаста ба тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини баъзе ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва соири масъалаҳои дигар муҳокима гардида, ҷиҳати баррасӣ ва ҷонибдорӣ ба иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баъди нисфирӯзӣ баргузор мегардад, пешниҳод карда шуданд.

Июль 4, 2013 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш