Ба иҷорадиҳии квартираҳои коммуналӣ қатъ карда мешавад
Душанбе, 30 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе эълом медорад, ки минбаъд ба иҷорадиҳии квартираҳои коммуналӣ аз сӯи шаҳрдорӣ ба шаҳрвандон қатъ карда мешавад. Ин тадбири шаҳрдорӣ бинобар зарурати татбиқи Нақшаи генералӣ ва ба миён омадани бартарафсозии иншооти мавҷуда дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр ва тибқи қонунгузории амалкунанда таъмин намудани соҳибмулкон бо квартираҳои баробарарзишу замонавӣ андешида шудааст. Аз ин рӯ, минбаъд фонди манзили коммуналии шаҳр танҳо баҳри қонеъ намудани талаботи чунин соҳибмулкон равона карда мешавад. Дар робита минбаъд дар шаҳрдорӣ муроҷиати шаҳрвандон дар мавриди ба иҷора гирифтани квартираҳои коммуналӣ қабул ва баррасӣ намешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






