Ба Кодекси андоз тағйиру илова ворид мекунанд?

Июль 30, 2013 12:25

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи умумии соҳибкорон 8,5 ҳазор зиёд гардида, шумораи соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда 5,4 ҳазор коҳиш ёфтааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ 30 июл муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Раҳматбоев иттилоъ дод. Вай сабабҳои коҳиши соҳибкорони бо патент фаъолияткунандаро шарҳ дода, гуфт, ки асарияти онҳо аз патент ба шаҳодатнома гузаштанд, яъне доираи фаъолияти худро васеътар намуданд. Омилҳои дигар ҳам бисёранд, аз ҷумла шояд таъсири Кодекси нави андоз, наёфтани маблағҳои зарурӣ, шароити дурусти корӣ ва ғайраҳо. Роҷеъ ба масъалаи таъсири Кодекси нави андоз ба фаъолияти соҳибкорон Ш. Раҳматбоев зикр намуд, ки вобаста ба таҳлилу баррасии Кодекси нави андоз дар назди Вазорати молия комиссияи махсус таъсис шудааст, ки ин масъаларо ҳаматарафа омӯхта, рӯзҳои наздик хулосаи худро сари ин масъала ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамояд. «Шояд бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ин комиссия Ҳукумати мамлакат ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид намояд», — гуфт дар хотима Ш. Раҳматбоев.

Июль 30, 2013 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш