Барномаи таълими электронӣ дар мактабҳои Тоҷикистон
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).-Дар Тоҷикистон барномаи таълими электронӣ таҳия шудааст, ки аз соли хониши нав толибилмон дар баробари китобҳои дарсии маъмулӣ тавассути он низ таҳсил хоҳанд кард. Тавре ки директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Киромиддин Назаров иттилоъ дод, соли нави хониш ба ҳар як мактаб як маҷмӯаи видеодарсҳо дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, таҳияи барномаҳои дарсӣ дар шакли электронӣ тақозои замони муосир аст.«Мо шоҳиди онем, ки кӯдакон аз хурдӣ ба техникаи компютерӣ мароқ зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, бар ин назарем, ки видеодарсҳо аз ҷониби толибилмон нисбатан сабуктар қабул хоҳанд шуд. Дар диск ҳамаи барномаи таълимӣ аз синфи 1 то 11 мавҷуд аст. Арзиши ин диск 44 сомонӣ мебошад», — зикр кард Назаров.Ба қавли номбурда, ҳар як мактаб яктогӣ диск гирифта, минбаъд онҳо нусхабардорӣ шуда, барои ҳар синф ва ба хонандагон тақсим карда мешаванд. Барои ин дар тамоми 60 шаҳру навоҳии мамлакат марказҳои нусхабардории дискҳо таъсис дода шудаанд.«Зикр менамоем, ки нусхабардории дискҳо ройгон аст. Аз ин рӯ, аз аҳолӣ дархост дорем, ки аз далелҳои фурӯши дискҳо ба хонандагон аз ҷониби мактабҳо моро огоҳ созанд», — афзуд намояндаи Вазорати маориф.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






