Беҳтарин коромӯз соҳиби дастгоҳи дӯзандагӣ шуд
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар коргоҳи омӯзишии дӯзандагии муштараки назди Маркази таълимии калонсолони шаҳри Душанбе, ки соли 2007 дар ҳамоҳангии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии дафтари Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, маросими давраи 24-уми хатми коромӯзон баргузор гардид. Дар ин давра 28 нафар духтарон нозукиҳои касби чевариро аз худ карда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. Дар маросими хатми давраи омӯзиши касби дӯзандагӣ Саидмаҳди Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди Эрон дар Тоҷикистон, Алишер Фаромузов-директори Маркази омӯзиши калонсолони назди Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ширкат намуда, бонувонро бо хатми давраи омӯзиши ҳунари чеварӣ табрик намуданд. «Ҳар гоҳе, ки вориди ин коргоҳи муштарак мегардам ва бо завқ коромӯзии хоҳаронро мебинам, беихтиёр як шодмонӣ вуҷудамро фаро мегирад, зеро ин хоҳарон соҳибкасб шуда, ба бозори меҳнат дохил мешаванд ва рисқу рӯзии худро бо меҳнати ҳалол пайдо менамоянд», -мегӯяд Алишер Фаромузов, мудири Маркази таълимии калонсолони шаҳри Душанбе. Дар фарҷоми маросими хатми давраи дӯзандагӣ мудири намояндагии дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ ба ҷавондухтарон дар ҷодаи ҳунари чеварӣ барори кор таманно карда, ба яке аз беҳтарин коромӯз як адад мошинаи дӯзандагӣ ва ба дигаре 2000 сомонӣ ҷиҳати ифтитоҳ намудани коргоҳи дӯзандагӣ тақдим кард. То кунун Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар 67 коргоҳи омӯзиши таъсис дода аст, ки фарзандони оилаҳои ниёзманд дар ин коргоҳҳо касбҳои дузандагӣ, барномасози компётер, сангтарошӣ, заргари, сантехникӣ ва кафшергариро аз бар намуда, вориди бозори меҳнат гардидаанд. Абдулғаффори Солеҳ-масъули умури идорӣ ва равобити умумии намояндагии дафтари Кумитаи имдод дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Кумита дар зарфи 18-соли фаъолияташ дар Тоҷикистон пайваста ба хонаводаҳои бесарпарасту ниёзманд дар ҳамоҳангии ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳов ва вазорату идораҳои давлатӣ дар самтҳои мухталиф кӯмак мерасонад. Хусусан ба оилаҳое, ки таҳти ҳимояти намояндагии Кумита қарор доранд кӯмакҳо дар бахши маводи хӯрока,фарҳанги,таъмири манзил,карзҳои бефоизи худкафоӣ, дармонӣ ва касбомӯзӣ ироа месозад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






