БМТ: пулҳои қалбакӣ ошкор нашудаанд

Июль 2, 2013 08:26

Душанбе, 2 июл. (АМИТ “Ховар”). — Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тахмину овозаҳои баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар мавриди он ки гӯё дар муомилот пулҳои қалбакии миллӣ пайдо шудаанд, изҳор менамояд, ки дар соли ҷорӣ дар муомилот ягон адад пулҳои тақаллубӣ ошкор ва мусодира нашудааст. Дар суҳбат ба мухбири АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов гуфт, ки танҳо ба хотири пешгирӣ кардани хатар аз зарари эҳтимолии ворид шудани пулҳои қалбакӣ ва дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ БМТ ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаҳои минтақавӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки ҳангоми додугирифти маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошанд ва нисбати ин масъала рафтори ҷиддӣ намоянд. “Бояд қайд намоем, ки пулҳои коғазии миллӣ бо унсурҳои муосири ҳимоявӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ки ҳама гуна амалҳои тақаллубкорӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд. Барои мисол, дар пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомонӣ се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки яке аз навовариҳои охирин дар соҳаи чопи пул ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар ҳама давру замон ашхос ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд пулҳои қалбакиро ба муомилот ворид созанду мардуми ноогаҳро ба доми худ андозанд. Вале тавре таҷрибаи солҳои охир нишон дод, бо ин ҳама унсурҳои ҳимоявие, ки пулҳои миллӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ашхоси тақаллубкор боре ҳам ба мақсади нопоки худ нарасидаанд”, — афзуд А. Қурбонов. Аз ин рӯ, бо истифода аз имконияти бадастомада ва бо мақсади сари вақт муқаррар ва пешгирӣ намудани пайдоиши эҳтимолии пулҳои қалбакӣ аз ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаю ташкилотҳо, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ бори дигар даъват карда мешавад, ки чораҳои зарурии ташкилӣ, техникӣ ва назоратиро амалӣ намоянд, зеро ҷаҳони муосири пешрафта аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки ҳамеша ҳушёру омода бошем, то пеши роҳи чунин амалҳои зиштро гирифта тавонем.

Июль 2, 2013 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш