Бунёди фабрикаи истеҳсоли мис дар корхонаи «Зарафшон»

Июль 16, 2013 11:56

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Нимаи дуюми дирӯз вохӯрии вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати ҳукуматии Шанхана бо роҳбарии шаҳрдории ин шаҳр хонум Дэн Тзюфан баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаи сохтмони Маркази гармидиҳӣ (ТЭЦ)-и 50 мВт ва хатти интиқоли барқии 220 кВ Айнӣ-Панҷекент дар КМ «Зарафшон», зиёд намудани истеҳсолот дар ин корхона мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Гул Шералӣ вусъат бахшидани корҳоро дар самти сармоягузорӣ ва масъалаҳои зикргардида муҳим арзёби намуда, изҳори итминон кард, ки ҷониби сармоягузор ҷиҳати амали намудани масъалаҳои мазкур ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар корхона тадбирҳо хоҳанд андешид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба мавзӯи бунёди фабрикаи истеҳсоли мис дар КМ «Зарафшон» ибрози назар карда шуд ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани Асосноккунонии техникӣ- иқтисодии онро, ки айни замон таҳия шуда истодааст, таъкид шуд.Тибқи иттилои шуъбаи котиботи вазорати энергетика ва саноат ҷонибҳо инчунин ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Иброз гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омӯзиши тарафҳо қарор хоҳад гирифт.

Июль 16, 2013 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш