Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Июль 18, 2013 15:47

Мувафқияти ширкати «Тойота» Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).-Ширкати автомобилбарории «Тойота»-и Япония аз рўи ҷамъбасти шаш моҳаи соли равон 92 миллиарду 900 миллион йен ё ин ки 8 миллиард евро фоида ба даст овард. Тавре ки расонаҳои хабарии дохили кишвар мегуянд, ки дар робита ба зиёд шудани талабот ба автомобилҳои ширкати Тойота дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба роҳ мондани сиёсати ҳукумати Япония дар бораи нигоҳ доштани қурби йен нисбат ба доллар пешгўи карда мешавад, ки даромади ширкат соли равон даҳ дарсад зиёд хоҳад гардид. Роҳбари Бонки Япония аз кор истеҳфо медиҳад Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар сомонаи интернетии Би-Би-Си навишта шудааст Роҳбари Бонки Марказии Япония Масиака Сиракава изҳор кард, ки вазифаи худро 15-уми августи соли равон, яъне 3 ҳафта қабл аз ба охир расидани мандати корияш тарк месозад. Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи ў боз ду муовинаш аз вазифа даст мекашанд. Ҳукумати нав ки дар моҳи декабр ба сари қудрат омад аз Бонки Марказӣ талаб кард,ки дар бораи беҳтар кардани қурби асъори миллӣ сиёсати шадидтарро ба роҳ монад. Масиака Сиракава аслан зидди ислоҳот дар низоми бонкӣ буд ва сабаби бармаҳал тарки вазифа намуданаш низ дар ҳамин маънидод карда мешавад.Ҳукуматдорони Ирландия аз қувваи занон низ истифода мебурданд Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).-Ҳукуматдорони Ирландия даҳсолаҳо аз қувваи занон барои иҷро кардани корҳои бемузду мушкил дар ҷомашўйхонаҳо истифода мебурданд. Тафтишот маълум кард, ки масъулини хонаи ятимони «Магдалена» занонро барои кори бемузд дар ҷойҳои либосшўӣ ҷалб мекардааанд. Ин Хонаи ятимон таҳти идораи ибодатгоҳи котоликӣ қарор дорад. Мувофиқи ҳисоботи комиссияи махсус дар асоси шартномаҳои давлатӣ ба ҷомашўхонаҳои ятимони «Магдалена» маблаѓ пардохт шуда, вале он ба нафарони ба ин кори машѓулбуда дастрас намегардидааст. Дар чунин ҳолат 10 ҳазор нафар занон аз соли 1922 то соли 1996 фаъолият намудаанд. Чунин ҷойҳои либосшўӣ дар шаш минтақаи Ирландия воқеъ гардида, дар хонаи ятимони «Магдалена» бошад асосан духтарони душвортарбия ва ҷинояткор ба сар мебаранд.Комиссия маълум намуд, ки аз 10 ҳазор нафар коргарони ҷомашўйхонаҳои хонаи ятимони Магдалена танҳо ду ҳазор нафари онҳо аз рўи хулосаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҷо оварда шудаанд. Андешаи намояндагони ҳизбҳои Амрикои Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).-Намояндагони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳои Амрико дар масаълаи кам намудани хароҷоти буҷаи давлати дар соли 2013 то ҳол ба мувофиқа нарасиданд. Дар ҳолати чунин идома ёфтани вазъият эҳтимол меравад, ки дар моҳҳои октиябри соли равон ин давлат ба бўҳрони молӣ рў ба рў шавад. Новобаста ба ин сиёсатмадорон нақшаи ҳамфикр шуданро надоранд. Мушкилоти молӣ боиси аз кор озод намудани як қатор мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бадшавии вазъи иҷтимоӣ гардид. Заифшавии рушди иқтисодиёт боиси боз 2-дарсад зиёд шудани норасоии буҷҷаи Амрико шуд. Ҳукуматдорон барои дарёфти роҳҳои самарабахши ҳалли ин муаммо тадбирҳо меандешанд. Пабло Пикассо кай офаридааст.Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар хона музоядаи «Содбейс»-и шаҳри Лондони Британияи Кабир асарҳои рассомони барҷастаи дунё ба фурўш бароварда шуд. Асари рассом Пабло Пикассо бо номи «Мари Терез Валтер» бо арзиши 45 миллион доллар ба фурўш рафт. Гуфта мешавад, ки ин асари худро Пабло Пикассо соли 1932 офаридааст. Мусаввараи рассоми машҳур Плода Мане бо номи «Ини ҷиварни » бо арзиши 14 мллион доллар харидорӣ карда шуд.Ин асари рассом соли 1985 рўи матоъ омадааст.Ҳамчунин дар музояда асарҳои зиёди рассомони машҳур ба маъраз гузошта шудаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Июль 18, 2013 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд