Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Хоҳиши Комиссияи федеролии Амрико аз Бонки Британия Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар»).-Комиссияи федеролӣ оид ба назорати арзиши нерўи барқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Бонки азими Британияи Кабир «Барклайс» талаб намуд, ки барои зери тасарруфи худ гирифтани нерўи барқ дар штати Калифорния ва баъзе минтақаҳои ғарбии Амрико 453 миллион доллар пардохт намояд.Ин пешниҳоди комиссияи федеролӣ ба солҳои 2006 ва 2008-ум вобаста аст. Дар ин бора пас аз паҳн гардидани овозаҳо аз ҷониби кормандони бонки «Барклайс» дар бораи ин амали худ комиссияи федеролии назорати арзиши барқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико огоҳӣ пайдо намудааст.Намояндагони бонки номбурда изҳор доштанд, ки нисбат ба ин талаботи комиссияи федеролӣ шикоят хоҳанд кард.Мурофиаи суди Ҷоҳар Сарнаев Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти расонаҳои хабарии Аврупо муддати чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мурофиаи судии Ҷоҳар Сарнаев, ки дар содир намудани амали террористӣ ҳангоми марафон гумонбар дониста мешуд, идома дорад.Бояд гуфт, ки пас аз дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳо чоп гардидани акси Ҷоҳар Сарнаев ғазаби сокинони Бостон нисбат ба ў дучанд гардидааст.Мувофиқи иттилои расида, дар сурати исбот шудани айбномаҳо нисбат ба Ҷоҳар Сарнаев ӯро ҳабси якумра ё ҳукми қатл интизор аст. Сатҳи бекорӣ дар Амрико Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар»).-Хадамоти федеролии Хазинаи эҳтиётии молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми хариди вомбаргҳоро дар давоми сол кам намояд.Дар ин бора сардори хадамоти номбурда Бен Бернанке ҳангоми ҳисоботи нимсола дар конгресс таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сурати батадриҷ муътадил гардидани иқтисодиёти мамлакат барномаи беҳдошти вазъи иқтисодии кишварро бекор менамояд.Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар давлат бо мақсади муътадил гардондани иқтисодиёт ҳамасола 85 миллиард доллар сарф менамояд. Дар сурати ба 7 дарсад баробар шудани сатҳи бекорӣ хадамоти федеролӣ аз харидорӣ кардани вомбаргҳо даст хоҳад кашид.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






