Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Сӯхтор дар Канада Душанбе, 9 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Лак-Межантик воқеъ дар минтақаи Квебеки Канада қатораи нафткашон аз хатти ҳаракат баромада, оташ гирифтааст. Ба гуфти расонаи хабарии BBC дар вақти ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаву харобиҳои зиёд низ ба қайд гирифта шудааст. Эҳтимол меравад,ки шумораи қурбониёни ин ҳодиса зиёд гардад. Мутахассисон сабабҳои ҳодисаро дар бемасъулиятии кормандони роҳи оҳан маънидод менамоянд. Дастгир намудани Роберто Панонсеро дар КолумбияКормандони мақомоти махсуси Вазорати корҳои дохилаи Колумбия яке аз роҳбарони гуруҳи қочоқгарони маводи мухаддири Дрангетаи Италия Роберто Панонсеро дастгир намуданд. Номбурда ҳар моҳ ба мамлакатҳои Аврупо қариб 2 тонна маводи какаинро интиқол медодааст. Мақомоти махсуси Колумбия ҷинояткоронро бо мақсади идома додани тафтишот, ки тайи солиёни зиёд ҷараён дошт, ба Италия интиқол додаанд. Ҳаракати Ҳаммос дар навори ҒаззаҳТавре ки сомонаи хабарии Hamshahri.com менависад, ҳаракати Ҳаммос дар навори Ғаззаҳ оид ба безарар гардондани гуруҳи ҷинояткорон, ки ба сикка задани пулҳои қалбакии асъори милии Исроил «шекел» машғул буданд, хабар дод. Ҷинояткорон ҳангоми фаъолияти худ чанд миллион пулҳои қалбакиро сикка задаанд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби кормандони мақомоти Амнияти миллии ин кишвар гуруҳи махсус ташкил гардида, 4 нафар қаллобон боздошта шудаанд ва дастгоҳи сикказании онҳо мусодира шудааст. Мувофиқи иттилои манбаъ Фаластин, ки асъори милли худро доро нест, ҳангоми муомилот аз асъори миллии Исроил «шекел» истифода мебарад. Ҳавопаймои «Солар Импулс»Ҳавопаймои «Солар Импулс», ки тариқи батареяи офтобӣ ҳаракат мекунад, парвози навбатии худро дар фазои ИМА анҷом дод. Тавре расонаҳои хабарии ин кишвар мегуянд, муҳлати парвоз ҳамагӣ се соат давом кардааст. Зеро дар қаноти чапи ҳавопаймо нуқсони техникӣ пайдо гардидааст. Ҳавопаймои мазкур бо чор маротиба ба замин нишастан 5 ҳазор километр роҳҳро тай намудааст. Бояд гуфт, ки «Солар импулс» ҳангоми парвоз тавассути батареяҳо нерӯ мегирад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






