Дар ҳошияи ҷавоб ба Д.Атовуллоев

Июль 31, 2013 11:20

(Хотираҳо аз Афғонистон) Душанбе, 31 июл (АМИТ «Ховар»).- Инак наздики як сол мешавад, ки ба Ватан баргаштааму аз обу ҳавои он нафаси тоза мегирам ва аз оромию осудагии ин диёри бароям аз ҳамаи кунҷи олам азиз ҳаловат мебарам. Қаблан дар кишвари ҳамсоя, дар Афғонистони аз мухолифатҳои дохилӣ бодахолати душманони миллати афғон азияткашида, ки чандин даҳа мешавад рӯи оромӣ ва ваҳдатро надидааст, зиёда аз як даҳа ҳаёти хешро сипарӣ кардам, фаъолият мекардам. Гарчанде бо мардуми афғон мушкилоти забонию фарҳангӣ надоштам, гарчанде мардуми ин сарзамин мисли мо тоҷикон меҳмоннавозу инсондӯстанд, гарчанде ба ман ҳамчун тоҷик як муҳаббати хоcса доштанд, гарчанде ҳамасола се ё чор дафъа ба хона меомадам ( ҳангоме ки ба рухсатӣ меомадам ба дӯстони хориҷӣ ва афғониам ҳамин тавр мегуфтам, “ба хона меравам” мегуфтам, яъне ба Тоҷикистон омаданамро дар назар медоштам), бароям хеле гарон буд он чанд моҳеро сипарӣ кардан то ба рухсатӣ омаданам. Ана ҳамон вақтҳои дар Афғонистон буданам зиндагии орому осудаи мардуми кишвари худро бо зиндагии мардуми афғон муқоиса мекардам. Бо фазли худованд даҳ соли ҳаётамро дар ин кишвари ҷангзадаву то ҳол ноором сипарӣ кардам ва сиҳату саломат ба ватан баргаштам, бо вуҷуди он ки садои тиру туфанг, таркишу инфиҷоротро аз наздик, чӣ дар Кобул ва чӣ дар Мазори Шарифу шаҳри Шибирғон мешунидам, ҳатто бо чашмони хеш натиҷаҳои хунбори онҳоро борҳо иттифоқ афтодааст, ки бубинам. Шукргузор аз он ҳастам, ки дар айни ҳол мардуми мо дар зери ливои сулҳу ваҳдат 16 сол мешавад, ки зиндагии орому осуда доранд ва ҳар гаҳ замони дар Афғонистон буданам аз шаҳрвандони ин кишвар дар шаҳрҳо ва деҳоти дурдасташ бо ҳасад шунидаам, ки мегуфтанд, кай Худованд ба мардуми онҳо низ ҳамин гуна як зиндагии шоистаро насиб мегардонда бошад? Ҳамин сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии моро душманон ва ҳасудони миллату ватани мо чашми дидан надоранд, боз мехоҳанд, ки ин оромию осудагии моро аз байн бубаранд, боз моро ба ҳамон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ бозгардонанд, аммо ин дигар ҳеҷ имкон надорад, чунки мардуми мо дигар мисли бист соли пеш соддаву зудбовар нест. Ҳамон ҳамдигарнофаҳмии солҳои навадуми асри гузашта ӯро обутоб додааст, дӯстро аз душман фарқ мекунад, аз ҳама муҳимаш ба халқи ман Худованд роҳбари донову хирадмандро насиб гардонидааст, мардумашро бо хости холиқаш ба сӯи қуллаҳои нав ба нави мурод ҳидоят менамояд.Боре сафсатаҳои Додоҷони Атовуллоро аз тариқи телевизиони К+ шунидаам ва баъдтар аз дигарон мешунавам, ки ҳоло ҳам он сафсатагӯйиҳо идома доранд, мақоли халқии “ Саг ово мекунад, корвон ба роҳаш рафтан дорад”-ро ба ёдам меорад. Корвони мо ба пеш, ба сӯи тараққиёт ҳаракат дорад, ба овои сагон ҳеҷ назаре, ҳатто нимнигоҳе ба қафо надорад. Аз ину он мешунавам, ки чаро ҷавобе ба Атовулло ва хоҷагони пасипардагии ӯ дода намешавад, аз барои Худо он жожҳое, ки душманони Тоҷикистон ва миллати тоҷик аз забони ин худфурӯхта мегӯянд, ягон арзише надоранду ҳоҷат ба ҷавоб гуфтани мақомотро низ надорад. Худи ҳамин барнома аллакай нокомшуда мебошад ва ин нокомии он боз як бори дигар рӯсиёҳии душманони моро дар назди ворисони ин Ватан ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ намоиш дод ва парда аз он бардошт. Ба пиндори худи Атовулло, ӯ худ як шахсият аст, аз худ шахсияте месозад, ки бояд гӯш дода шавад, ва гӯё босаводтарину донотарин тоҷик аст, ғамхортарин “ватандор” аст ӯ, ватану миллат ба ӯ ва ӯ баринҳо ниёз дорад, аммо аз худи зарфияти сухангӯӣ ва фарҳанги гуфтораш маълум мегардад, ки ҳеҷ ин тавр нест, дигаронро таънаву маломат мекунаду худ ду ҷумларо дуруст бо ҳам ҷур карда наметавонад ва ҳар гаҳ бо лакнат сухан мегӯяд. Бо ин аҳвол оё ӯ ҳақ дорад дигаронеро, ки аз худаш як сару гардан болоянд, камсаводу чаласавод гӯяд?Боз ба хотироти Афғонистон бармегардам ва ба ёд меорам, ки чӣ қадар обрўву манзалате дорад Тоҷикистони кӯчаки мову роҳбари он дар байни мардум ва ҳукумати ин кишвар. Боре иттифоқ афтод, ки аз наздик сарварамон Эмомалӣ Раҳмонро дар Кобул, дар рӯзи ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон бубинам ва дасташонро бифишурам, аниқтараш ӯ дасташро тарафи мо чанд нафар тоҷик, ки дар он замон дар Афғонистон кор мекардем, дароз карда, дастони моро фишурд. Аз нигоҳи пешвоямон хонда мешуд, ки ифтихор дорад, ки мо тоҷикон низ дар барқарорсозии кишвари муштаракзабону муштаракфарҳанги худ саҳмгузорем. Ин аз он далолат мекунад, ки то чӣ андоза ӯ як роҳбари ҳақиқатан мардумӣ аст. Ва замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дар ҳавлии сафорат сухан мекарданд, маро боз ҳам як ҳиссиёте фаро гирифта буд ва аз он фахр мекардам, чӣ сон маҳбубияте дорад роҳбари мо дар ин сарзамин, аз симои дӯстони афғонӣ, ки суханрониҳоро бо ваҷд гӯш мекарданд ва чунин ба назар мерасид, ки на танҳо Ҳамид Карзай, балки Эмомалӣ Раҳмон низ аз онҳо мебошад. Вақте ки Эмомалӣ Раҳмон байтҳои машҳури Абуабдуллои Рӯдакӣ: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон- ро ба забон меорад ва дар ҷавоб ба ӯ Ҳамид Карзай байти дигари Устодро мехонад, ки мегӯяд: Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.Баъди шунидани ин назмгуфторҳо ифтихороти ман боз ҳам боло мегирад ва бо худ  ҳадс мезанам, ки Ҳамиди Карзай “бӯи ҷӯи Мулиён, ёди ёри меҳрубон” гуфта дӯсташ Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорад, ки бо худ бӯи ҷӯи Мулиёнро ба Кобул овардааст.Ин гуна лаҳзаҳо, ки дар онҳо ман шунидаам, ки мардуми афғон нисбат ба роҳбари кишвари ҳамсояи беғарази худ чӣ қадар муҳаббат доранд, хеле ҳам зиёданд. Ёдам меояд, ки дар як маҳфиле нишаста будам ба хотири ҷашни мелаи Гули Сурх (Наврўз) дар Мазори Шариф. Як генерали панҷшерӣ сухан мекард. Ба ҷуз мо шаҳрвандони Тоҷикистон намояндагони дигар кишварҳо низ он ҷо ҳузур доштанд. Дар суханҳояш ў бо як эҳтироми хос дар бораи Тоҷикистон ва роҳбари он ҳарф мезад, дуо мекард, ки худованд Эмомалӣ Раҳмонро дар сари мардуми тоҷик доим чун пешвои роҳнамунсоз нигаҳ дорад, аз ў чун раиси ҷумҳури тамоми тоҷикони олам ном бурд.Дар Афғонистон ва деҳаҳои дурдасташ борҳо бо нафарони бонуфузи деҳахо ва мардумони оддӣ нишастҳо доштам ва ҳар гаҳ аз тинҷиву оромӣ сухан мерафт, онҳо бо тааҷҷуб дар бораи сулҳи тоҷикон сухан мегуфтанд. Мегуфтанд чӣ гуна дар як муддати кӯтоҳ мардуми Тоҷикистон бо ҳам омаданд, ваҳдат насиби онҳо гардида, аммо даҳсолаҳо мешавад дар Афғонистон то ба ҳол кашмакашиҳои дохилӣ хотима намеёбанд. Ҳамаи инро онҳо дар роҳбари оқилу доно доштани мо мебинанд. Дар бораи музокироти сулҳи тоҷикон дар Афғонистон қиссаҳои зиёд мавҷуданд, ки дар онҳо қаҳрамонони асосӣ Эмомалӣ Раҳмон, қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва Устод Бурҳониддин Раббонӣ мебошанд. Дўстони афғонӣ қисса мекунанд, ки гўё Эмомалӣ Раҳмон дар ким куҷое дар Афғонистон аз ҳеликуптар (чархбол) поин мешавад, ў ва ҳамроҳонашро аввал Аҳмадшоҳ Масъуд даст фишурда пешвоз мегирад, Эмомалӣ Раҳмон мебинад, ки дуртар чанде аз намояндагони сарсахти мухолифини тоҷик истодаанд. Замоне ки чашми Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо меафтад, онон рўяшонро бо як виқор ба дигар тараф мегардонанд. Дар ин лаҳза Эмомалӣ Раҳмон бо як самимияти ба худ хос ба онҳо мегўяд: «Муллоҳо ин қаҳру ғазабро бас кунед!». Баъди ин гуфтаҳо намояндаҳои оппозитсия ба тарафи ў ҳаракат карда, дасташонро барои салом дароз мекунанд. Намедонам дар ин қисса чӣ қадар ҳақиқат аст, аммо ҳаминаш муҳим аст, ки мазмуни он сулҳхоҳии роҳбари мо ва аз тарафи дигар муҳаббати мардуми оддии кишвари ҳамсояро нисбат ба Президенти мо нишон медиҳад. Дар ин қисса инчунин орзуву омоли афғонҳо нуҳуфтааст, ки кай онҳо низ мисли мо тоҷикон ба рўзи ваҳдат мерасанд. Камп (бошгоҳ)-и муҳоҷирини тоҷик, ки афғонҳо онро Кампи Сахӣ меноманд ва ин ном ҳамчун номи як маҳал дар бисткилометрии шоҳроҳи Мазори Шариф-Кобул то ҳол боқӣ мондааст ва бо ин ном дар таърих хоҳад монд. Ин маҳалест, ки зимистони солҳои 1992-93 ҳазорҳо мардуми гурезаи тоҷик онро ҳамчун маҳалли зист баҳри хеш интихоб намуда буданд. Ман ба ин ҷо барои зиёрати қабристони ҳамватанони худ чандин дафъа омадаам. Як гўристони хеле бузург, аз катибаҳои болои оромгоҳҳо маълум мегардад, ки дар рўзҳои аввали ба ин ҷо омадан фавтидагон аксаран тифлон ва пиронсолон мебошанд. Ана дар ҳамин ҷойи бе сояву дарахт ва беоб мардуми мо қариб панҷ сол тоқат кардаанд, гарчанде ба онҳо созмонҳои байналмилалӣ кӯмак мекарданд, мардуми оддии афғон ними нонашонро бо онҳо медиданд. Хушбахтона, тобистони соли 1997 Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд ва дафъатан аз ин маҳал ва дигар ҷойҳо бозгардонидани муҳоҷирон оғоз ёфт. Имзои ҳамин Созишнома, бахусус барои муҳоҷирони Кампи Сахӣ саривақтӣ буд, чунки тирамоҳи ҳамон сол толибон ба Мазори Шариф ҳуҷум оварданд ва Кампи Сахӣ ба майдони ҷанг табдил ёфта буд ва агар ҳамон замон бо аҷала мардуми мо аз ин маҳал кӯчонда намешуданд, шояд талафоти зиёд онҳоро дар пеш буд. Ана ҳамин хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати тоҷикро аз фалокати бузург раҳоӣ бахшид ва дар пайи он боз дигар дастовардҳо дар соҳаҳои дигари ҳаёт барои мардуми мо бо шарофати роҳбарии хирадмондонаи ў ба мо насиб гаштааст. Нотавонбинон, ҳасудон ва душманони миллату Ватани мо ин ҳама муваффақиятҳоро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон чашми дидан надоранд. Ҳар рўз дар таърихи тоҷикон сафҳаи наве во мешавад, як кору амале иҷро мешавад, ки дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишвар хотирмон мегардад, Ватан рушд менамояд ва ба пеш меравад. Замоне ки ховаршиноси афғон муқими Норвей Муҳаммаднаими Ҳиротӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷойгоҳи Куруши Кабир мебинад, замоне ки пешниҳодҳои роҳбари мо аз тарафи созмонҳои бонуфузи байнмалмиллалӣ қабул мегарданд, ҳангоме ки аз минбарҳои баланду маъруфи ҷаҳонӣ лаҳни ширини тоҷикӣ-дарӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад, пас чӣ ҳоҷат аст, ки ба аккоси сагон, ки дар назди нуфузи роҳбари мо ҳеҷанд, ҷавоб бигўем. Ба ҷои он мо мегўем, зиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки саодати кишварро Худованд тавассути Шумо ба мардуми Тоҷикистон ва миллати тоҷик насиб гардонидааст. Мирзоалӣ Миралиев, омўзгори забони англисӣМактаби байналмилалии президентӣ, ш.Душанбе

Июль 31, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд