Дар моҳи Рамазон бозорҳои пойтахт назорат мешаванд

Июль 9, 2013 15:45

Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе ба масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ дастур додааст, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия ва риояи нархҳои тавсиявӣ дар бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон назорат баранд. Назорати риояи нархҳои тавсиявӣ дар бозорҳои хусусӣ ва бозори «Шоҳмансур» ба зиммаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, Бозори «Саховат» ба ӯҳдаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт, бозори «Деҳқон» ба зиммаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе вогузор карда шуда, бозори «Қарияи боло»-ро Прокуратураи шаҳрӣ назорат мекунад. Инчунин, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои истеъмолии шаҳр дар давоми моҳи шарифи Рамазон таҳким бахшанд.

Июль 9, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш