Дар ноҳияи Вахш бинои нави филиали Агроинвестбонк боз гардид

Июль 6, 2013 12:22

Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали Агроинвестбонк дар маркази ноҳияи Вахш, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар 5 ҷойи иловагии корӣ муҳайё гардида, шумораи умумии коргарон ба 20 нафар расидааст.Тавре иттилоъ доданд, ҳоло пасандозҳои аҳолӣ дар ин филиал ба 3,3 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,5 миллион зиёд аст. Ин нишонаи афзоиши даромадҳои мардум ва ҳам бештар гардидани боварии онҳо ба бонкҳо мебошад.Сандуқи қарзии ин филиали Агроинвестбонк аз 3,4 миллион сомонӣ иборат буда, қариб 300 мизоҷи қарзгиранда дорад. Беш аз 70% қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Июль 6, 2013 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш