Дар заминҳои пилотӣ боғҳои нав бунёд мешаванд
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар нимсолаи аввал дар қитъаи намоишдиҳии хӯроки чорво дар зиёда аз 21 гектар кишти қатраборон ва дар 3,7 гектар кишти юнучқа гузаронида шуд. Майдони 8 гектар ғизо дода шуда, дар 18 гектар кишти якҷояи саксавул, изен, чогон ва қатраборон гузаронида шуд. Дар майдони 20,8 гектар дарахтони гуногун ва буттаю нимбуттаҳо шинонида шуданд.Ин нуктаро директори Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Ғоиб Давлатов дирӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд. Бо мақсади таъмини тухмии хушсифат ба аҳолии деҳот тухми юнучқа ва қатраборон барои 38 гектар дар ноҳияҳои пилотӣ тақсим карда шуд, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Дар нимсолаи аввал дар шаҳри Роғун 9 гектар, аз оғози татбиқи лоиҳа 15,2 гектар боғи мевадор дар дигар минтақаҳои пилотӣ бунёд гардидааст,- зикр намуд Ғ.Давлатов.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






