Дидори волидон аз қисмҳои низомӣ

Июль 19, 2013 14:11

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Тайи чанд рӯз мешавад, ки як гуруҳ падару модарони вилояти Суғд бо роҳбарии муовини комиссарияти ҳарбии вилоят, полковник Носирҷон Тошматов аз қисмҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон дидан менамоянд. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, падару модарон бо сарбозон аз наздик суҳбату вохӯриҳо намуда, бо ҳаёту шароити хизматии онҳо шинос гардида, аз хобгоҳ, ошхона, майдончаҳои варзишӣ ва дигар нуқтаҳои қисмҳои низомӣ дидан менамоянд. Рафти вохӯриҳо нишон медиҳад, ки шароити хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ сол то сол беҳтар мегардад. Корвони дидор бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва комиссарияти ҳарбии вилоят доир мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкилу баргузории суҳбату вохӯриҳои волидон бо сарбозон дар кисмҳои низомӣ дар доираи фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ва дар ҳамоҳангии наздик бо комиссариятҳои ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад, ки дар баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон мусоидат мекунад.

Июль 19, 2013 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш