Донишмандони шинҷонӣ таҷрибаи Чинро муаррифӣ мекунанд
Душанбе, 11 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Истифодаи механизми Созмони байналмилалии тиҷорат /СБТ/ дар рушди савдо:таҷрибаи Чин», таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон /ДМТ/ баргузории конфронс рӯзи 13 июл дар назар дошта шудааст. Созмондиҳандаи ин чорабинӣ Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ буда, дар он олимону донишмандони Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати /ДИТ/ Ҷумҳурии Мухтори Шинҷону Уйғури-/ ҶМШУ/-и Чинӣ аз ҷумла Се Шу Син-ноиби ректори ДИТ ҶМШУ, Чжан Зен профессор, мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқотии вобаста ба Осиёи Марказӣ ва Ху Ин намояндаи Пажуҳишгоҳи тиҷорати байналмилалии ДИТ Шинҷон, инчунин ҳайати устодону донишҷӯёни ДМТ ширкат намуда, дар нишаст масъалаи истифодаи механизми СБТ, таҷрибаи Чин дар рушди иқтсиод ва савдо, масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои ҳасана ва судмнад байни ДМТ ва ДИТ –и Шинҷон матраҳ хоҳад гашт. «Интизор меравад, ки дар фарҷоми конфронс санадҳои ҳамкорӣ байни ду донишгоҳ ба имзо рассад»- мегӯяд намояндаи масъули Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






