«Эмерҷенс-гуруҳ» дар Душанбе тренинг мегузаронад

Июль 1, 2013 15:14

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бо мақсади ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ба ҳамкориҳои мунтазам, пешгирии ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои милитсия бо шаҳрвандон, «Эмерҷенс-гуруҳ» тасмим гирифтааст, ки аз 2 то 4-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-ро баргузор намояд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд, ин чорабинӣ бо дастгирии Департаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар доираи барномаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», гузаронида мешавад. Дар ин чорабинӣ ёрдамчиёни сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ёрдамчиёни сардорони мақомоти Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок менамоянд. «Баргузории чорабинии мазкур дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Шоҳтемур пешбинӣ гардидааст»- қайд намуд манбаъ.

Июль 1, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш