“Гастелло” бо “Афардӣ”, “Плеханов” бо “Зафар Нозим” бадал шуд
Душанбе, 15 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ахиран дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номи 9 кӯчаи пойтахт иваз карда шуд. Аз ҷумла, кӯчаи Свердлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мустафо Содиқов, кӯчаи Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Акбар Махсумов, кӯчаи Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Аҳрор Мухторов, кӯчаи Клара Сеткинаи ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи Гастелло (5-6 гузаргоҳ)-и ноҳияи Шоҳмансур ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи Плеханови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Зафар Нозимов, кӯчаи Котовскийи ноҳияи Сино ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи Володарскийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Минҳоҷ Ғуломов ва кӯчаи Титови ноҳияи Шоҳмансур ба номи Мирзо Мастонгулов гузошта шуд.Ҳадаф аз тағйири номи кӯчаҳои пойтахт гиромидошти хотираи неки шахсиятҳои шинохтаи миллат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Интизор меравад, ки то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе, ки дар соли 2014 дар назар дошта шудааст, табдили номи кӯчаю хиёбон ва майдонҳои пойтахт аз номҳои ғайр татбиқ мешавад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






