Гузоштани хишти аввали корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Вахш
Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Вахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи бузурги ресандагӣ оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта то моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ватании Беҳрӯзи Мурод сохта, ба кор дароварда мешавад.Корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он 350 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ бо технологияи муштараки Олмону Япония муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти хушсифати сатҳи ҷаҳонӣ тавлид хоҳад кард. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки оянда коркарди нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монанд, яъне корхонаҳои бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либос низ бунёд хоҳанд кард.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






