Хадамоти муҳоҷират бо Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аҳди ҳамкорӣ баст

Июль 3, 2013 17:10

Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ба имзо расид. Тавре дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, мақсад аз бастани аҳдномаи мазкур рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва рушди иқтисодии кишвар дар ҳудуди салоҳияти худ, батанзимдарории масъалаҳои кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират мебошад. Гуфта мешавад, ки ба созишномаи мазкур сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев ва раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов имзо гузоштаанд.

Июль 3, 2013 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш