Хизматрасонии фурудгоҳ наздик ба 6 ҳазор нафар дар шаш моҳ

Июль 29, 2013 10:39

Душанбе,29 июл. (АМИТ «Ховар, Фарзонаи Давлат).-Дар шаш моҳи аввали соли равон «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» наздик ба 6 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, омадааст дар гузориши ҷамъбастии нимсолаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».Бино ба гузориши мазкур, аз ин миқдор мусофирон беш аз 358 ҳазор нафараш мусофирони рафта ва 242 ҳазораш мусофирони омада мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 дарсад камтар аз рафтагон ва 5,9 дарсад камтар ба омадагон хизмат расонидааст.Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ дар нимсолаи аввал қабулгардида ва интиқолдодашуда беш аз 1345 тоннаро ташкил кардааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 6,8 дарсад зиёд мебошад, омадааст дар гузориши «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».

Июль 29, 2013 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш