Хонандагони мактабҳои миёна ҳам ба низоми тестӣ мегузаранд?

Июль 8, 2013 15:18

Душанбе , 8 июл . (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Ба иттилои Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов имсол хонандагони синфҳои 10 – 11- уми макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пурра ба низоми тестӣ мегузаранд. Ба иловаи Вазир барои дар хориҷи кишвар таҳсил намудани донишҷӯён ӯ бо сафирону намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ 18 вохӯрии расмии доир намудааст. Аз ҷумла, дар доираи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Точикистону Чин дар солҳои таҳсили 2013- 2014 ҷониби Чин барои таҳсили толибилмони тоҷик 130 ҷой ҷудо намудааст. Инчунин, зимни як озмун дар оғози соли 2013 аз 94 довталаб 72 нафар пирӯз ва соҳиби раводид гардида, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таҳсил дар курсҳои пешаздонишгоҳӣ фиристода шудаанд.

Июль 8, 2013 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш