Иқдомоти «Точикматлубот» дар моҳи Рамазон

Июль 19, 2013 14:53

Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои хизматрасонии ҳарчи беҳтару бештар ва таъмини аҳолӣ бо молу маводи ниёзи мардум, бахусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои аз бозорҳо нисбатан арзонтар дар моҳи шарифи Рамазон қарори дахлдор қабул намуд. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ, имрӯз раиси Иттифоқи «Точикматлубот» Сироҷиддин Валиев баён дошт. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки тибқи қарори Раёсат, ки 26 –уми июни соли равон қабул гардидааст, дар ҳар ташкилоту хоҷагиҳои соҳа захираи маҳсулот доимӣ, аз ҷумла 20-25 тоннагӣ картошка, пиёз, сабзӣ, 5-10 тоннагӣ маҳсулоти донагию лӯбиёгӣ ва парвариши 20-25 сар чорвои калони шохдор, ҳамчунин парвариши чорвои майда амалӣ карда мешавад. С. Валиев инчунин илова намуд, ки то охири моҳи шарифи Рамазон дар тамоми бозорҳои соҳа, дар ярмаркаҳои ин муддат дар шаҳри Душанбе гузаронидашаванда фурӯши гӯшти гов 29 сомонӣ ва бузу гӯсфанд 30 сомонӣ нархгузорӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад 110 сар чорвои калон ва 70 сар чорвои майда харид шудааст.

Июль 19, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш