Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар ширкати Раҳмониёни ноҳияи Вахш

Июль 6, 2013 12:24

Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми маркази савдо ва хизматрасонии ширкати Раҳмониёни ноҳияи Вахш як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд.Дар ин коргоҳ 70 нафар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шуда, дар марҳилаи аввали фаъолият дӯхти 20 намуд либосворӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ, тиббӣ ва либосҳои гуногуни корӣ, ба роҳ монда шудааст.Роҳбари корхона соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Достиев бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки маоши дӯзандаҳоро аз ҳамин моҳ аз 400 ба 700 сомонӣ мерасонад.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Июль 6, 2013 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш