Ифтитоҳи коргоҳи хусусии дӯзандагӣ дар хоҷагии Кӯлоби ноҳияи Вахш

Июль 6, 2013 13:22

Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар ошёнаи дуюми маркази хизматрасонии хоҷагии деҳқонии Кӯлоб як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 55 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ гардиданд.Роҳбарияти коргоҳ бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон азм доранд, ки дар ошёнаи якуми бино боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 қойи корӣ бунёд намоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 6, 2013 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш