Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Темурмалик

Июль 4, 2013 10:50

Темурмалик, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ дар ноҳияи Темурмалик як коргоҳи таълимӣ-дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.  Дар маросими ифтитоҳи ин коргоҳ намояндагони Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ, масъулини Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти ноҳия ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, дар ин корхона духтарону бонувони маҳаллӣ ба омӯхтани касби дӯзандагӣ ҷалб карда шуда, баъди анҷоми курси омӯзишӣ мустақилона ба кор шуруъ мекунанд.

Июль 4, 2013 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш