Ифтитоҳи корхонаи коркарди тухмӣ дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар корхонаи поксозӣ, лучсозӣ ва заҳролудкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, бори нахуст чунин корхона дар вилояти Суғд фаъол гардида буд. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакории кишвар аст, ин корхона бо супоришу маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи қариб 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.Ин корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 32 тонна тухмии пахта ва 80 тонна тухмии ғалладонаро ба кишт омода созад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз соли 2014 сар карда, танҳо тухмиҳои дар чунин корхонаҳо коркардшуда кишт карда шавад. Таъкид гардид, ки аз ин ҳисоб ҳазорҳо тонна тухмӣ сарфа мешавад, зеро агар ҳозир дар як га замин аз 100 то 125 кг тухмии коркардношудаи пахта кишт шавад, аз тухмии коркардшуда 25 килограмаш барои як га кифоя аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки “агар дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ 80 ҳазор тонна чигити пахта сарфа карда шавад, аз он 16-17 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан мумкин аст”. “Аз 15 ҳазор тонна чигит, ки ҳар сол дар вилояти Хатлон кишт мешавад, дар сурати истифода аз тухмии босифати коркардшуда, 12 ҳазор тоннааш сарфа мешавад ва аз он имкон аст, ки 1600 тонна равған ва 7-8 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шавад”, — таъкид дошт Сарвари давлат.Тавре зикр гардид, нархи тухмии дар чунин корхона омодашуда нисбат ба тухмии бекоркард ва тозанашуда, албатта баландтар аст, вале аз ҳисоби сифат, самарабахшӣ ва сарфи ками тухмӣ ҳангоми кишт хароҷоти деҳқон кам ва манфиаташ хеле бештар мегардад. Дар ин корхона 30 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, аз 400 то 800 сомонӣ маош мегиранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






