Ифтитоҳи корхонаи равғанкашӣ дар ноҳияи Вахш
Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Вахш бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави равғанкашӣ ба кор дароварда шуд.Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона дар як шабонарӯз то 50 тонна чигити пахтаро коркард намуда, аз он 7,5 тонна равған мегирад. Корхона имкон дорад, ки дар як сол то 16 ҳазор тонна чигитро коркард кунад. Дар як моҳ дар ин корхона 150 тонна ва дар як сол 1800 тонна равған истеҳсол мешавад. Аз чигити пахта, ҳамчунин кунҷора, пӯсти чигит ва тибит ҳосил мегардад.Ҳоло дар ин корхона 52 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар ояндаи наздик ҳамчунин истеҳсоли собунро ба роҳ монда, шумораи коргаронро афзун намоянд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






