Иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар Конфронси ОЭСР дар сатҳи вазирони Авруосиё
Душанбе, 3 июл (АМИТ Ховар).- 27-28 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон Конфронси Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) дар сатҳи вазирони Авруосиё баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҷонишинони сарвазирон ва вазирони иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Украина, Беларус, Молдова, Афғонистон, Муғулистон, Туркия ва намояндагони баландпояи кишварҳои узви ОЭСР ширкат варзиданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар Конфронс Муовини аввали сарвазири кишвар Матлубхон Давлатов (роҳбари ҳайат), Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев иштирок намуданд.Ҷаласаро Муовини Сарвазир, Вазири иқтисодиёти Лаҳистон Януш Пехотсинский ва Муовини Дабири кулли ОЭСР Ричард Баучер раисӣ намуданд.27 июн дар чаҳорчӯби Конфронси мазкур Ҳукумати Лаҳистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бизнес-форум барпо карданд. Дар ин форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода имконоти иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва сармоягузории ҷумҳуриро дар асоси далелҳои дақиқ муаррифӣ намуд. Ӯ диққати иштирокчиёни форумро ба фазои форами бозаргонӣ ва сармоягузории кишвар ҷалб кард. Шариф Раҳимзода таъкид сохт, ки узвияти комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шароити мусоидро барои рушди робитаҳои судманди байналмилалии иқтисодию тиҷоратии ҷумҳурӣ фароҳам меоварад. Иштирокчиён ва соҳибкорони Лаҳистон ба имконоти иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон мароқи хосса зоҳир намуда, омодагии худро оид ба роҳандозии ҳамкории муфиди дуҷониба изҳор карданд.Дар ҳошияи конфронс мулоқоти дучонибаи ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон бо Муовини сарвазир, Вазири иқтисодиёти Лаҳистон Януш Пехотсинский баргузор гардид. Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов диққати мусоҳибашро ба имконоти иқтисодӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ, бахусус лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, коркарди алюминий, захираҳои зеризаминӣ, зироаткорӣ ҷалб намуд. Зарурати густариши ҷалби сармоя ба самтҳои номбаргардидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ тазаккур гардид. Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ охири августи соли ҷорӣ дар ш.Душанбе гузаронда шавад. Худи ҳамон рӯз мулоқоти дуҷонибаи ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон бо сарварии Муовини аввали сарвазири кишвар Матлубхон Давлатов ва ҳайати ОЭСР бо сардории муовини Дабири кулли Созмон Ричард Баучер баргузор гардид. Тарафҳо самтҳои авлавиятноки ҳамкории дуҷонибаро муфассал муҳокима намуданд. 28 июн Конфронси сатҳи вазирони кишварҳои Авруосиёи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд таҳти унвони «Татбиқи сиёсати баланбардории рақобатпазирӣ дар кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид. Роҳбари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон, Муовини аввали сарвазир Матлубхон Давлатов дар баромади худ роҷеъ ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, шароити мусоиди сармоягузории мамлакат дар солҳои истиқлолият, имконоти иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ ва сармоягузории ҷумҳурӣ ахбори муфассал пешкаш намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






