Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст

Июль 24, 2013 16:47

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 миллираду 456, 9 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 106, 6 фисад баробар шудааст. Ин нуктаро Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика ва саноат имрўз, 24 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе таъкид кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат (402,9 миллион сомонӣ) таъмин гардидааст.

Июль 24, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш