Истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикӣ аз ҷониби «Барқи Тоҷик»
Душанбе, 31 июл.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба масъалаи баланд бардоштани эътимоднокии кори шабакаҳои барқӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии «Таҷдид ва азнавбарқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обӣ Варзоб-1», «Азнавбарқароркунии гидроагрегати №4»-и НБО Сарбанд, «Сохтмони КРУЭ-220кВ» дар НБО «Норак» асосан ба итмом расиданд. Инчунин барои барқарор кардану ба истифода додани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ дар корхонаҳои тобеи ширкати «Барқи Тоҷик» корҳои таъмирию барқароркунӣ ва таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ давом доранд, аз ҷумла дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак корҳои таъмирию барқарорсозӣ гузаронида шуданд. Барои иҷрои корҳои таъмири таҷҳизоти асосию ёрирасони нерӯгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2398,6 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






