Кӯлоб: «Дар 6 моҳ 6098 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуд»

Июль 12, 2013 16:50

Кӯлоб, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ш.Кӯлоб дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои деҳот 6 ҳазору 98 сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ гирифтаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 499 адад зиёд мебошад. Ба қавли мудири бахш Зиннат Сафарова дар ин муддат кормандони ин ниҳод аз ҳисоби боҷи шаҳодатномаҳои такрорӣ ва ивази ному насаб ба маблағи 89 ҳазору 142 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ ворид намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 9593 сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 12, 2013 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш