Кишти 11 навъи пахта вобаста ба иқлими минтақа
Душанбе,17 июл. (АМИТ «Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дар 16 ноҳияи вилояти Хатлон 11 навъи пахтаи маҳинах кишт гардидааст, ки 39126 гектарро ташкил мекунад.Тавре аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, навъҳои пахтаи ихтироънамудаи олимони Институти зироаткорӣ вобаста ба иқлими минтақа кишт гардидааст.Ин намудҳо пахтаи “Хуҷанд-67”, «Ирам-1МН», «Хуҷанд-05», «Ориёӣ», “Авесто”, «Сорбон», “Тоҷикистон”, “Неъмат”, Б-70, “ВД-11» ва маҳинахи 9326-В мебошанд, ки дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Восеъ, Вахш, Ёвон, Фархор, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Хуросон, Данғара, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Сарбанд ва шаҳри Кӯлоб кишт шудааст. Гуфта мешавад, ки вобаста ба иқлими минтақаҳои кишвар дигар навъҳои пахта низ кишт гардидааст, ки 29,7 гектарро ташкил мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






