Кумитаи забон номгузории Айнӣ ва Турсунзодаро ба муассисаҳои гузошташуда нодуруст эълон кард

Июль 26, 2013 15:11

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- “Номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро бояд мувофиқи самти фаъолияташон дар муассисаҳо гузорем»,- посух гуфт ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба дуруст ё нодуруст номгузорӣ шудани Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов. Додихудо Саймиддинов ҳамчунин илова намуд, ки дар баъзе дӯконҳо номгузориҳо ғалат истифода мешавад, аз чумла «Олами гӯшт», «Олами либос» ё ибораи русии «Дамский салон». Ӯ гуфт, бо дахолати кумита номи теъдоди зиёди ин муассисаҳо ва дӯконҳо ба номҳои хушоҳанги тоҷикӣ иваз карда шудаанд. Дар айни ҳол аз ҷониби кумита номгузории 76 муассиса мавриди баррасӣ қарор дорад.

Июль 26, 2013 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш