Квотаи президентӣ дар ДДТТ ба кӣ дода шуд?

Июль 30, 2013 13:30

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Бино ба иттилои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар натиҷаи озмуни қабули довталабон тибқи квотаи президентӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 128 нафар дар натиҷаи озмун ва 6 нафар тибқи мактуби расмии вазири маорифи ҶТ ба донишгоҳ қабул шуданд. Мувофиқи иттилои расида қабули довталабон тибқи квотаи президентӣ барои соли таҳсили 2013- 2014 дар Донишгоҳи тиббӣ пурра иҷро шудааст. Ҳамчунин соли ҷорӣ ба қомиссияи қабули донишгоҳ 37 нафар довталабони имтиёзнок бо роҳхати Вазорати маориф ва 1 довталаб бо тавсияи Вазорати тандурустӣ дар суҳбат иштирок намуданд, ки онҳо ҷоизадорони олимпиадаҳои чумҳуриявӣ аз фанҳои химия, биология ва ғолиби мутлақи байни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ буданд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо донишҷӯи ДДТТ гардиданд Инчунин аз 5 нафар фарзандони иштирокчии фоҷеаи Чернобил 1 довталаб дар натиҷаи озмун соҳиби холи зиёд гардида, донишҷӯи донишгоҳ гашт.

Июль 30, 2013 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш