М. Маҳмадаминов ҷониби аморатиро ба муҳоҷирпазирӣ даъват кард
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов рўзи 28 июни соли ҷорӣ дар ҳошияи сафари хидматияш ба шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Даби Юсуф Бобокалонов бо муовини аввали Вазири меҳнати АМА Муборак Сайд ад Даҳерӣ мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи кунунии равобити дуҷонибаи байни ду давлат суҳбат намуда, масъалаҳои марбут ба танзими бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни вохўрӣ Муборак Сайд ад Даҳерӣ иттилоъ дод, ки айни замон Ҳукумати АМА ислоҳоти азими низоми иҷозатномаҳои кориро гузаронида истодааст, ки мақсади он кам намудани теъдоди коргарони камсавод ва ҷалби бештари мутахассисони баландихтисос ба АМА мебошад.Инчунин, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз рўи сатҳи дониш ва малакаҳои худ дорои тамоми имкониятҳои кор ва фаъолият дар АМА мебошанд. Аз ин хотир, ў ҷониби аморатиро даъват намуд, ки ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кор дар АМА боз ҳам васеътар намояд.Дар ҷавоб ал Даҳерӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ байни ҳарду Вазорат оғоз карда шавад. Дар ин робита Кордори Сафорат ба маълумоти Вазирон расонид, ки дар санаи 8 — 9 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Абу Дабӣ нахустин ҷаласаи Коммиссияи муштараки байнихукуматии ҶТ ва АМА оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






